Баррасии масоили муҳоҷирати меҳнатӣ бо аҳолӣ
Душанбе, 23.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо ташабусси Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода бо фаъолони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо вохӯриҳо баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират дар вохӯрии ҷамоатҳои Шаҳринав ва Сабои ноҳияи Шаҳринав, Регар, Пахтаобод ва Навободи шаҳри Турсунзода зиёда аз 500 нафар иштирок доштанд. Яке аз мавзуъҳои асосии вохӯриҳо масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ буд, ки дар алоқамандӣ бо дигаргун шудани қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия муҳокима гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






