Баррасии сиёсати пулию қарзӣ дар «Коршиноси иқтисодӣ»
Душанбе, 09.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ», ки санаи 6 июни соли ҷорӣ, ки дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид, фарогири масоили «Сиёсати пулию қарзӣ ва истифодабарии фишангҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.
Тибқи иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева, ректори донишкада Ашӯрбой Солиев ҳадафи баргузории онро арзёбӣ намуда, зикр дошт,ки ин маҳфил метавонад дар оянда ҳамчун як такондиҳандаи бахшҳои ҷорӣ ва стратегии корҳои илмию тадқиқотӣ бо ҷалби олимону мутахассисони варзидаи соҳа қарор гирад. Бо ҳамин мақсад, дар доираи нақша-чорабиниҳои кори маҳфил мутахассисони соҳаи бонк ба маҳфили навбатӣ ҷалб гардидаанд.
Дар маҳфил маърузаи номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори Раёсати омор ва тавозуни пардохти Бонки миллии Тоҷикистон Мустафо Ниёзов дар мавзӯи «Сиёсати пулию қарзӣ ва истифодабарии фишангҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуда, дар мавриди он байни иштирокдорон саволу ҷавоб ва музокирот ба амал омад. М. Ниёзов иброз дошт,ки мақсадҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзунгардонии Маҷмуи маҳсулоти дохила, муътадил нигоҳ доштани сатҳи нархҳо (таваррум), танзим ва таъминоти пул дар иқтисодиёти кишвар, идора ва афзун намудани захираҳои тиллоию асъорӣ ва ғайраҳо иборат аст. Бо назардошти вазъи нисбатан муътадили бозорҳои молиявӣ, тағйирёбии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои хусусиятҳои мавсимӣ ва маъмуридошта, дар соли 2014 сатҳи таваррум дар доираи то 7,5 фоиз пешбинӣ мегардад. Нишондиҳандаҳои номбурда дар алоқамандии зич бо истифодабарӣ аз меъёри фоизҳо аз рўи амалиётҳои бонкӣ, меъёри захираҳои ҳатмӣ, интервенсияи асъорӣ, муқаррароти майлгиронии рушди ҳаҷми пул ва дигар фишангу усулҳои ба сиёсати пулию қарзии бонкӣ дохиланд, арзёбӣ шуд.
Дар ҷараёни маҳфил оид ба масъалаи баррасишуда ширкаткунандагон ба маърузачӣ саволҳо дода, ҷавобҳои пурмазмун гирифтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






