Баррасии таҷрибаи пешқадами аврупоӣ аз ҷониби ҳунармандони тоҷик

Июнь 17, 2014 14:01

Душанбе, 17.06.2014.(АМИТ «Ховар») — Cавдои боадолати Аврупо ҳамчун бозори алтернативӣ, саноати алмосӣ дар Антверпен (Белгия), сиёсати Иттиҳоди Аврупо барои фоидаи соҳибкории миёна ва хурд, стратегияи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои боло бурдани ҳунармандии миллӣ дар бозорҳои хориҷӣ, намоишгоҳи хунармандии байналхалқӣ дар Флоренсия (Итолиё)- ин ва дигар мавзӯъҳо дар чорабиние дар шаҳри Душанбе 18 июн баррасӣ мешаванд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, сафари шиносоии 8-рӯза дар Нидерландия, Белгия ва Итолиё, ки ба Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИХТ) ва Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, имконият барои баён ва муҳокимаи ақидаҳо, алоқа ва таҷрибаи пешқадамро медиҳад. Мавриди зикр аст, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 20 ҳунарманд, намояндаи идораҳои давлатӣ, соҳибкор ва ташкилотҳои миёнаравии тиҷоратӣ иштирок мекунад.

Июнь 17, 2014 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд