Беҳтаринҳои футбол дар моҳи май киҳоянд?

Июнь 12, 2014 14:39

Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин бозингар, беҳтарин мураббӣ ва беҳтарин доварро дар моҳи май муайян кард.  Тавре сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, Дилшод Восиев, ҳамлагар ва капитани дастаи “Истиқлол”-и Душанбе беҳтарин бозингар, Нуъмонҷон Юсуфов, сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак беҳтарин довар дар моҳи май эълон шуданд. Ёдовар мешавем, легионер аз Гана Дэвид Мауто, ҳамлагари дастаи “Истиқлол” беҳтарин бозингар, Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол” беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Хуршед Дадобоев аз Хуҷанд беҳтарин довар дар моҳи март ва Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол” беҳтарин бозингар, Алишер Тухтаев, сармураббии дастаи “Энергетик”-и Душанбе беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Парвиз Муртазоев аз Душанбе беҳтарин довар дар моҳи апрел эълон шуда буданд.

Июнь 12, 2014 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад