«Беҳтарин муштзани мусобиқа»- Мавзуна Чориева

Июнь 3, 2014 09:19

Душанбе, 03.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Аз 28-уми май то 2-юми июни соли 2014, дар шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс баргузор гардид, ки дар он барандаи нишони биринҷии 30-юмин Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева иштирок намуда, қувваозмоӣ кард.
Дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ Мавзуна бо ҳарифони худ аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия бо тарзу услуби ба худ хос қувваозмоӣ намуда, бо малакаю маҳорати баланди варзишӣ мухлисони ин намуди варзишро ба ҳайрат овард.
Дар бозии ниҳоӣ баъди шикаст додани ҳарифи худ аз Федератсияи Русия, Мавзуна сазовори ҷойи аввал гардида,  медали тиллоро ба даст овард.
Ҳамзамон ба Мавзуна Чориева дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ҷоизаи «Беҳтарин муштзани мусобиқа»-ро лоиқ донистанд.
Вазири корҳои дохилӣ  Раҳимзода Рамазон Ҳамро Мавзуна Чориеваро   бо ин дастоварди варзишӣ табрик гуфта, ба ӯ туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.
 

Июнь 3, 2014 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?