“Белагро -2014”-24-умин намоишгоҳи байналмилалӣ

Июнь 5, 2014 16:29

Душанбе, 5.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Ҳафтаи сипарӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Беларус ва  иҷрои Протоколи ҷаласаи 9 — уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин даъватномаи Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус барои иштирок дар 24-умин намоишгоҳи байналмилӣ «Белагро -2014», ки дар ҷаҳорчӯбаи ҳафтаи агросаноатии Беларус бо ташаббуси Вазорати озуқа ва кишоварзии ин кишвар дар шаҳри Минск аз 3 то 8 июни соли ҷорӣ баргузор мегардад, гурӯҳи мутахассисони вазорату ташкилотҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар сафар намуд.  
Чанде пеш вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар бо ин гурӯҳи корӣ вохӯрӣ доир намуд. 
Вазири кишоварзӣ Қ.Роҳбар дар ҷараёни  вохӯрӣ пешнҳод намуд, ки гурӯҳи корӣ зимни сафари хизматӣ  ба масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ,  аз ҷумла муайян намудани муҳлати сохтмони заводи банду басти тракторҳо, бунёди МТС-ҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизми нави лизинги техникаи кишоварзии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар самти истеҳсолу воридоти тухмии картошка ва гандум таваҷҷуҳ зоҳир намояд. 
Инчунин зикр шуд, ки ҳангоми сафари корӣ мутахассисони соҳаи растанипарварӣ аз дастовардҳои хоҷагиҳои тухмипарварии шаҳри  Несвиж дидан намуда, бо роҳбарони хоҷагиҳо гуфтушунид барои ҳамкориҳои минбаъда барпо намоянд.
 
 
 
 
 

Июнь 5, 2014 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад