Бинои нави суд дар Шуғнон
Душанбе, 2.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Ба наздикӣ дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бинои нави суд ба истифода дода шуд.
Тавре ки Шӯрои адлияи ҶТ хабар медиҳад, бахшида ба он, дар маркази ноҳияи мазкур бо иштироки раиси Шўрои адлияи Ҷуҳурии Тоҷикистон Азиззода Зафар Нусрат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, кормандони суду мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Шўрои адлия зикр кард, ки маҳз ба шарофати истиқлолияти давлативу ваҳдати миллӣ имконият фароҳам шуд, то ки арзишҳои бузурги таърихии кишвар нигаҳдорӣ ва пешкаши оламиён гарданд.
Бояд зикр намуд, ки Сарқонун риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат медиҳад ва яке аз мақомоти ҳифзкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон — ҳокимияти судӣ эътироф гардидааст. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати амалӣ гаштани ин кафолатҳои конститутсионӣ тадбирҳои назаррас андешида мешаванд.
Дар фарҷом З. Азиззода ба роҳбарият ва Дирексияи сохтмонии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои сохтмонии ҶДММ «Монолит 2011» ва Маркази муҳоҷирати меҳнатии «Ғафурӣ», кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон, ки дар эъмори иншооти мазкур саҳм гузоштаанд, барои сохтмони чунин як бинои зебою замонавӣ изҳори сипос баён намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






