«Бохтар» аз ҳайати лигаи якуми Тоҷикистон хориҷ гардид
Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). – Бо қарори Кумитаи назорату низоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи «Бохтар» аз иштирок дар мусобиқоти ҷумҳурӣ байни дастаҳои лигаи якум дар минтақаи Душанбе хориҷ карда шуд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд. Сабаби чунин муҷозот бе ягон сабаб ба вохӯрӣ бо дастаи «Ҳосилот» — и Фархор ҳозир нашудани дастаи «Бохтар» аст. Ба ҳамин тариқ мусобиқотро дар лигаи якуми Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе нуҳ даста давом медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






