Бонки ҷаҳонӣ қарзи бебозгаштро тасдиқ намуд
Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим ). – Бонки ҷаҳонӣ қарзи бебозгашт ба маблағи 22 миллион доллари ИМА аз рӯи «Лоиҳаи тиҷоратикунонии кишоварзӣ дар Тоҷикистон», — ро маъқул ёфт.Тавре ки аз Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳа имконияти фермеру соҳибкоронро барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва дастрасӣ ба бозорҳои дохилию хориҷӣ васеъ менамояд. Ҳиссаи кишоварзӣ ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 23 фоизро ташкил дода, ин бахш 48 фоизи шуғли аҳолиро таъмин карда ва барои рушди иқтисодиёт ва коҳиш додани камбизоатӣ мақоми асосиро касб кардааст. Лоиҳа стратегияи нави мушорикати Бонки ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2018 – ро дар амал татбиқ менамояд, ки мақсад аз он баланд бардоштани бахши инфиродӣ дар иқтисодиёт ба манзури афзун намудани ҳаҷми сармояҳои шахсӣ ва зиёд кардани ҷойҳои корӣ мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






