Боздид аз корхонаи мошинсозии Протони Малайзия
Душанбе, 26.06.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар фароварди сафари давлатӣ ба Малайзия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи мошинсозии Протон дидан карда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуд.Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи мошинсозии Протон дар ҳамкорӣ бо брендҳои ҷаҳонии Лотуси Инглистон ва Митсубисии Япония солҳои 80-уми асри гузашта ба кор шуруъ намуда, дар дохил ва хориҷи кишвар бозори фурӯши маҳсулоти худро пайдо намудааст.Дар ин корхона ҳамасола беш аз 300 ҳазор мошинҳои гуногуни сабукрав истеҳсол мешавад.Зимни боздид ҳамчунин доир ба ташкили ҳамкории ин корхона бо Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






