Боздиди ҳайати шаҳри Ваҳдат аз Санкт — Петербург

Июнь 4, 2014 13:41

Душанбе, 04.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло  Тоирӣ). — Ҳайати  шаҳри  Ваҳдат бо  роҳбари  раиси он  Раҳмоналӣ  Амирзода аз  29  май  то  2  июн  аз  шаҳри  Санк — Петербург  ва  вилояти  Ленинград  боздид  намуд. Ба  ҳайат  кормандони  масъули  мақомоти  иҷроияи  шаҳр,  соҳибкорон, ходимони  фарҳангу  санъат, аз ҷумла  ситораҳои  эстрадаи  тоҷик  Қурбоналӣ  Абдулло,  Сироҷиддин  Фозилов,  Сарвиноз  Юсуфӣ,  Саъдӣ  Бӯризод,  Файзигул  Юсуфова ва дастаи  рақсии «Гулрез»  шомил  буданд.
Тавре  ки  аз Намояндагии Хадамоти  муҳоҷирати  ҶТ  дар  ФР  хабар  доданд, Раҳмоналӣ Амирзода  дар  ҳошияи  сафар  бо роҳбарияти  маъмурияти шаҳру  вилоят мулоқотҳо  анҷом  дод, ки дар  ҷараёни онҳо  доираи  васеи  масоили марбут ба  рушду  таҳкими  ҳамкории байни минтақаҳо  мавриди  муҳокима   қарор  гирифтанд.
Раиси Кумитаи  равобити  хориҷии  Санкт — Петербург  Е.Григорев  зикр  намуд, ки соҳибкорони   шаҳри  Санкт — Петербург ҷонибдори  ҳамкорӣ  бо  шаҳри  Ваҳдат  дар соҳаҳои  сохтмон,  сайёҳӣ, содироти  меваю  сабзавоти  аз  нигоҳи  экологӣ  тоза  мебошанд.
Зикр  шуд, ки  моҳи  октябр   рӯзҳои  фарҳанги  шаҳри  Санкт — Петербург  дар  шаҳри  Душанбе   баргузор гардида,  дар  ҷараёни  ин  чорабинӣ  соҳибкорони  шаҳри  Санкт — Петербург ба  шаҳри  Ваҳдат  сафар  мекунанд.
Раҳмоналӣ Амирзода  дар  навбати  худ  аз  вазъи  мусоиди   сармоягузорӣ  дар  Тоҷикистон нақл  кард.  Пешниҳоди  мавсуф  дар  бораи  бунёди   корхонаҳои  муштарак   барои  коркарди  маҳсулоти  кишоварзӣ,  саноати  сабук,  сохтмони  биноҳои  баландошёна диққати роҳбарияти  маъмурияти шаҳри  Санкт — Петербург  ва  кумитаҳои  соҳавии онро ба  худ  ҷалб  намуд.

Июнь 4, 2014 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст