Боздиди Азим Иброҳим аз навоҳии вилояти Хатлон

Июнь 16, 2014 17:15

Душанбе, 16.06.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Муовини Сарвазири мамлакат  Азим Иброҳим 14 июни соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб ва Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон бо ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои мошингард, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дигар иншооте, ки сохтмонашон  ба нақша гирифта шудаанд, шинос гардид.
Азим Иброҳим аз  ҷараёни татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи Данғара -Кангурт ва таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг дидан карда, барои иҷрои босифати корҳои роҳсозӣ дар сохтмони роҳи Данғара -Кангурт ва аз ташхис гузаронидани лоиҳаи таҷдиди роҳи Восеъ-Ховалинг масъулини соҳаро вазифадор намуд. Зимни боздид маълум шуд, ки  корҳои ташхисии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг  ба талабот ҷавобгў набуда,  коргоҳҳои асфалту бетонрезӣ дар таҷдиди ин роҳ бо таҷҳизоти кўҳнаю фарсудашуда фаъолият менамоянд. Қобили таъкид аст, ки роҳи мошингарди Данғара-Кангурт 24 км ва роҳи Восеъ- Ховалинг 88 км мебошад.
Дар идомаи сафар муовини Сарвазири мамлакат  бо ёни сохтмони корхонаи асфалту бетонӣ дар ноҳияи Ҷилликўл, ки дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA)- и Ҷопон бунёд мегардад шинос шуда, дар ноҳияи Қубодиён аз маҳали сохтмони нақшавии корхонаи шишабарорӣ, ки бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд мешавад, дидан кард. Барои истифодаи масолеҳи маҳаллӣ, аз ҷумла дар истеҳсолоти ин корхонаҳо дар оянда  мавриди коркард қарор додани реги булӯрдор ба мутахассисон маслиҳатҳои судманд дода шуд.
 
 
 
 
 

Июнь 16, 2014 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад