Боздиди донишҷӯёни Коллеҷи шоҳигарӣ аз Тоҷикистон

Июнь 11, 2014 15:27

Душанбе, 11.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Косим). – Гурӯҳи иборат аз 8 нафар афсарони Британия ва 9 нафар афсарони калони байналмилалии созмонҳои мухталифи ҳарбии Коллеҷи шоҳигарии тадқиқоти мудофиавии Британияи Кабир аз 11 то 14 июн аз Тоҷикистон боздид менамояд. Назар ба хабари мутахассиси бахши робита бо аҳли ҷамъияти Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон Хосият Амидхонова, сафари афсарон ҷузъи таълимоти Коллеҷи шоҳигарии тадқиқоти мудофиавӣ ба шумор меравад. Сафари афсарон ба Тоҷикистон дар асоси Ёддошти мутобиқшуда дар бораи ҳусни тафоҳум дар бахши ҳамкории мудофиавии миёни Шоҳигарии Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Гурӯҳи Коллеҷи шоҳигарии тадқиқоти мудофиавии Британияи Кабир дар ҳошияи барномам сафараш бо созмонҳои ҳукуматию ғайриҳукуматӣ аз қабили Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони рушди Оғохон ва Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо якчанд мулоқот анҷом медиҳад. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқотҳо масоили сиёсӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқию иқтисодии Тоҷикистону минтақаро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

Июнь 11, 2014 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд