Боздиди мудирони Китобхонаи миллии Чин аз КМТ
Душанбе,19.06.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз муовини директор ва мудирони Китобхонаи миллии Чин Чен Ли, Шен Сяотсзюан, Сун Боян ва Ма Тсзин ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) омаданд. Зимни боздид аз Китобхонаи миллӣ директори китобхона Носирҷон Салимов перомуни хазинаи китобхона ва имконоти он маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Меҳмонон аз гӯшаи фарҳангии Чин ва Осорхонаи дастхатҳои Шарқ дидан намуданд.
Меҳмонон бо кормандони китобхона вохӯрӣ намуда, оид ба масъалаҳои омӯзиши фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии мардумии Чин ва фаъолу пурсамар гардонидани фаъолияти китобхонаҳо сухан гуфтанд.
Зимни боздид аз Китобхонаи миллӣ Созишномаи ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Чин ба имзо расид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






