Боздиди Р.Раҳимзода аз корҳои ободонии Қисми низомӣ
Душанбе, 23.06.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро чанде қабл аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди қисми низомии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дидан кард.
Сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ки боздид нахуст аз Нуқтаи назорати гузаргоҳи қисми мазкур шуруъ гардида, сипас аз ҷойи вохӯрии падару модарон, ошхона, баталёнҳо, полкҳо, ҳаммом, ҷойи либосшӯӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар бинову иншоот, ки айни замон сохтмонашон идома дорад, сурат гирифт. Дар рафти боздид Раҳимзода Рамазон Ҳамро доир ба кабудизор кардани гирду атрофи биноҳо ва минтақаҳои хизматӣ, боз ҳам зебо намудани саҳни ҳавлии қисми мазкур ва майдончаи варзишӣ ва бартараф намудани норасоию камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Барои афсарон ва кормандони қисми низомӣ, ки дар ҳудуди қисми мазкур зиндагӣ мекунанд, дастур дода шуд, ки утоқҳои зист бо тамоми шароити ҳозиразамон муҷаҳҳаз, сохта ба истифода дода шавад.
Маврид ба зикр аст, ки муддати чандест, дар қисми низомии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ барои беҳбудӣ бахшидан ба шароити хизматии сарбозону афсарон корҳои ободонию созандагӣ ва таъмиру таҷдид идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






