Боздошти «ESSE»-ҳои беаксиз
Душанбе,13.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кормандони шуъбаи мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва муборриза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар асоси санади харидории озмоишӣ дар назди КВД «Бозори Корвон»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ба воситаи харидори шартӣ шаҳрванд Мирзоев Комил Шарипович аз таҳвилкунандаи мол Бозоров Сироҷидин Асламхонович ба миқдори 11 ҳазору 500 дона дар 15 қуттӣ тамокуҳои тамғаношудаи «ESSE», ба маблағи умумии 8 ҳазору 600 долари амрикоӣ ва 184 сомонӣ харидорӣ карда шуд. Тавре аз Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, номбурда ин миқдор молу масҳулотро дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Насиров Раҳматҷон Низомидинович ғайриқонунӣ ба даст оварда, бо мақсади минбаъд бе ягон маркаи боҷи аксизӣ ба муомилот бароварда, мувофиқи маълумотномаи КВД «Бозори Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе ин миқдор тамокуҳои тамғаношуда дар маҷмӯъ 57500 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Бозоров Сироҷидин Асламхонович ва Насиров Раҳматҷон Низомидинович дар рафти хариду фурӯш дастгир гардида, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаи 259, қисми 2, банди «а»-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






