Боздошти нашъаҷалоб дар шимоли мамлакат
Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Шабонарӯзи сипаригардида кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд як ҳодисаи гардиши ғайриқонунии маводи мухадирро ошкор намуданд.
Тавре ки маркази матбуоти АНМН хабар медиҳад, дар шаҳри Хуҷанд сокини 37-солаи маҳаллӣ дастгир шуд, ки кормандони фаврӣ аз ӯ халтаи полиэтилениро бо ҳашиш мусодира намуданд.
Рӯзи дигар дар хонаи дастгиршуда кофтуков гузаронида шуд. Ҳангоми кофтуков аз дохили қубури обгузари ҳуҷраи ташноб махфигоҳ ошкор гардид, ки дар дохили он маводи нашъаовар пинҳон буд.
Мутобиқи хулосаи ташхис маводи нашъаовари ошкоршуда наздики 3 кг ҳашиш ва ҳероин мебошад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






