Бунёди корхонаи нави семент дар Исфара
Душанбе, 23.06.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 22 июн зимни сафари корӣ ба шаҳри Исфара ба сохтмони корхонаи нави сементбарорӣ ҳусни оғоз бахшид. Тибқи лоиҳа корхонаи нав дорои шароитҳои мусоиди корӣ, аз қабили хобгоҳ, ошхона ва толори варзишӣ хоҳад шуд.
Роҳбарияти ширкат ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки 7 километр роҳро то даромади корхонаи бунёдшаванда мумфарш ва пойгоҳи барқиро инҷо насб намояд. Корхонаи нав асосан сементи тамғаҳои устувори 300, 400 ва 500-ро истеҳсол хоҳад кард. Корхонаи мазкур соли оянда дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






