Чаппа шудани мошин ба дарёи «Варзоб»
Душанбе, 25.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, 23 июни соли ҷорӣ, тахминан соати 16:30 дақиқа, ронандаи мошини тамғаи “Opel-Astra”, шаҳрванд Исоев Эҳронхон Исломович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар километри 43,5-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи “Варзоб” чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда Э. Исоев ва мусофиронаш Исоев Саидумар Эҳронович, соли таваллудаш 1999, Исоев Саидусмон Эҳронович, соли таваллудаш 2001, Ҳамдамов Исмоил Илҳомович, соли таваллудаш 1999 ва Ҳомидов Беҳрӯз Шарифович, соли таваллудаш 1999, сокинони ноҳияи Истаравшан дар дарё ғарқ шудаанд. Ҷасади ду нафар- Исоев Эҳронхон Исломович ва писараш Исоев Саидумар Эҳронович аз дарё бароварда шуда, барои дарёфт намудани ҷасадҳои боқимонда чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






