Дарёфти ҷасади шахси номаълум
30.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 28 июни соли ҷорӣ истиқоматкунандагони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара Амиршо Қурбонов, соли таваллудаш 2004 ва Содиқ Ҳамроев, соли таваллудаш 1979 ҳангоми моҳигирӣ дар дарёи Вахш ғарқ шуданд. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоlда ва мудофиаи гражданӣ моҳигирон дар натиҷаи вазидани шамоли сахт аз болои балони дамкардашуда ба дарё афтидаанд. Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷўӣ худи ҳамон рўз ҷасади Содиқ Ҳамроев аз тарафи аҳолии деҳоти мазкур дарёфт гардид. Айни замон корҳои ҷустуҷўии ҷасади Қурбонов Амиршо идома дорад. Рӯзи 29 июн бошад, аз тарафи наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳӣ ва дастаи зудамали Ситоди шаҳри Душанбе ҷасади шахси номаълум дарёфт гардида, ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






