Дарёфти беш аз 19 кг героин аз донишҷӯ
Душанбе, 30.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд шаҳрванд Марҳамов Фариддун Суфибекович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Мастчоҳро бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтааш маводи нашъадори ҳашиш, вазнаш 5 кг 825 грамм дарёфт ва мусодира гардид.Хамин тариқ, бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор, зимни гузаронидани боз як амалиёти махсус кормандони милитсия шаҳрванд Шарифов Умарҷон Файзуллоевич, соли таваллудаш 1994, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро дастгир намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматиаш аз дохили ҷевон маводи сахттаъсири героин, вазнаш 19 кг 230-грамм дарёфт ва мусодира гардид.Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






