Дастаи наврасони Тоҷикистон дар ҷойи чорум
Душанбе, 06.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). – 5 июн дар шаҳри Боку дар ҳошияи мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Хазар – 2014 вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби наврасони (U-17) Озарбойҷону Тоҷикистон барои дарёфти ҷойи сеюм баргузор гардид.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ин вохӯрӣ бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт. Баъд аз ин дар вохӯрии ниҳоӣ дастаҳои Эрону Туркия қувваозмоӣ намуда, бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи мунтахаби Эрон анҷом ёфт.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар ин мусобиқот, ки дар он 12 дастаҳои мунтахаби кишварҳои ҷаҳон иштирок доштанд, мақоми чорумро касб намуд.
Хотирнишон месозем, ки соли гузашта футболбозони мо дар мусобиқоти шаҳри Боку ҷойи нуҳумро ишғол карда буданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






