Дилшод Назаров — ғолиби “Даъвати Маскав»

Июнь 12, 2014 14:44

Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук “Даъвати Маскав” дар сабқати гурзандозӣ ғолиб шуд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ мусобиқа дар Маскав баргузор гашта, 12 нафар варзишгар ширкат намуд. Дилшод Назаров ба гирифтани мақоми аввал сазовор гашта, ҷойи дуввумро Павел Кривитский аз Беларус, ҷои сеюмро бошад, Денис Лукянови русиягӣ сазовор шуданд.Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров моҳи май дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ дар Олмон мақоми дувумро касб карда буд. Ин мусобиқа, ки 17-уми май дар шаҳри Ҳаллеши Олмон баргузор шуд, барояш дар мавсими имсола аввалин буд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 79 метру 58 сантиметр ҳаво дод, ки ин нисбат ба ғолиби мусобиқа Павел Файдек аз Лаҳистон ҳамагӣ 9 сантиметр камтар аст.

Июнь 12, 2014 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад