Дилшод Назаров — ғолиби “Даъвати Маскав»
Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук “Даъвати Маскав” дар сабқати гурзандозӣ ғолиб шуд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ мусобиқа дар Маскав баргузор гашта, 12 нафар варзишгар ширкат намуд. Дилшод Назаров ба гирифтани мақоми аввал сазовор гашта, ҷойи дуввумро Павел Кривитский аз Беларус, ҷои сеюмро бошад, Денис Лукянови русиягӣ сазовор шуданд.Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров моҳи май дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ дар Олмон мақоми дувумро касб карда буд. Ин мусобиқа, ки 17-уми май дар шаҳри Ҳаллеши Олмон баргузор шуд, барояш дар мавсими имсола аввалин буд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 79 метру 58 сантиметр ҳаво дод, ки ин нисбат ба ғолиби мусобиқа Павел Файдек аз Лаҳистон ҳамагӣ 9 сантиметр камтар аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






