Дипломи “Россотрудничество” ба А. Раҳмонов
Душанбе,07.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз роҳбари намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон Владислав Курнушко ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ташриф оварда, бо ректори он Абдуҷаббор Раҳмонов мулоқот намуд.
Тибқи иттилои котиби матбуоти донишгоҳи мазкур Бахтиёри Абдураҳим дар оғози вохӯрӣ, ки бо ҳузури васеи роҳбарони сохторҳои донишгоҳ баргузор гардид, А.Раҳмонов равобити мутақобилан судманди таълимгоҳро бо “Россотрудничество” ситоиш карда, изҳор дошт, ки ин ташкилот барои омӯзиши густурдаи забони русӣ дар донишгоҳ иқдомоти наҷибу манфиатборро амалӣ намудааст.
Ректор аз фаъолияти Маркази русӣ ва ифтитоҳи Маркази забон, фарҳанг ва таърихи рус, ки чанде қабл таъсис ёфта буд, ёдовар шуда, онҳоро намунаи барҷастаи натиҷаи ҳамкориҳо унвон кард.
Дар такя бар қавли А.Раҳмонов, айни замон марказҳои мазкур бо технологияҳои навтарин муҷаҳҳаз буда, барои густариши забони русӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоваранд. Хоҳишмандон бемамониат аз технологияи омӯзишии марказ ба таври ҳамешагӣ истифода менамоянд.
Роҳбари намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон Владислав Курнушко низ ҳамкориҳои дуҷонибаро дар пояи баланд арзёбӣ карда, саҳми ректор А.Раҳмоновро дар ин самт назаррас ва шоистаи таҳсин унвон намуд. Ба ақидаи мавсуф, дар таъсис ва фаъолияи Маркази русӣ, на танҳо дар Донишгоҳи омӯзгорӣ, балки дар кулли манотиқи Тоҷикистон А.Раҳмонов нақши арзанда дорад. Бинобар ин, роҳбарияти олии Оҷонсии федеролии Русия “Россотрудничество” тасмим гирифт, ки дар Рӯзи забони русӣ ва Рӯзи шоири бузург Пушкин ба хотири таҳким, тарғиб ва густариши забони русӣ А.Раҳмонов бо дипломи махсуси ин ташкилот қадрдонӣ гардад.
Сипас, дар ҳузури ширкатдорон ва дар фазои тантанавӣ Владислав Курнушко дипломро ба Абдуҷаббор Раҳмонов тақдим намуд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






