«Донаки сеҳрнок» дар Суғд

Июнь 4, 2014 15:31

Душанбе,  4.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Имрӯз дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Чкалов ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи кӯдакон намоишномаи  “Донаки сеҳрнок” пешкаши толибилмони мактаби “Гулчини маърифат” — и шаҳри Хуҷанд гардонида шуд.
Ба гуфти масъулини театр то ба имрӯз дар як силсила шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла Истиқлол, Спитамен, Ашт, Конибодом ва ҷамоати шаҳраки Палос намоишномаи “Донаки сеҳрнок” ба саҳна гузошта шудааст.
Инчунин масъулин иброз доштанд, ки кормандони театр дар баробари ба рӯи саҳна овардани намоишномаҳои наву диданӣ,  инчунин барои иштирок дар озмуни вилоятӣ, ки охири соли равон бахшида ба Рӯзи театри тоҷик дар вилояти Суғд баргузор мегардад, омодагии ҳамаҷониба мебинанд.
Ёдовар мешавем, ки  аз 15-ум то 22-юми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе 4-умин Фестивали байналмиллалии театрҳои лӯхтак бо номи “Чодари хаёл” баргузор гардид, ки дар қатори беш аз 10 театрҳои кишварҳои ҷаҳон Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Чкалов бо намоишномаи “Донаки сеҳрнок” иштирок намуд.

Июнь 4, 2014 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст