Эҳдои китобхонаи Шакурӣ ба Китобхонаи миллӣ
Душанбе, 13.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили ёдбуд ва маросими эҳдои китобхонаи шахсии Муҳаммадҷон Шакурӣ баргузор гардид.Аз Китобхонаи миллӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷамъомад директори китобхона Носирҷон Салимов, дӯстону шогирдон перомуни зиндагиномаи Шакурӣ ва хизматҳои ӯ дар шинохти миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ сухан гуфтанд.Дар ҷамъомад ҳамсари М. Шакурӣ Дилафрӯз Икромӣ ба Китобхонаи миллӣ 8000 адад китобҳоеро, ки Шакурӣ дар тӯли зиндагии хеш ҷамъ намудааст, тақдим намуд. Дар маҳфил китоби тозанашре, ки аз ҷониби Ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон нашр шудааст, ба иштирокдорони маҳфил тақдим карда шуд. Китоби мазкур “Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт” ном дошта, муҳтавои китоб бар асоси каломи устод дар соли охирини ҳаёташ, ки тавассути худи ӯ дар қитъаҳои мухталифи замоне дар бемористони Нюкасли Англия сабт гардида, дар қолаби даҳ ҳикоят танзиму тадвин шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






