Фотима Сумар- меҳмони гумрукчиён

Июнь 16, 2014 16:06

Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Ҳафтаи сипаришуда Рустами Эмомалӣ, сардори  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби ёвари котиби давлатии ИМА доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ Фотима Сумарро ба ҳузур пазируфт. Рустами Эмомалӣ аз ташрифи Фотима Сумар  ва ҳамкории судманд миёни Хадамоти гумруки кишвар ва Ҳукумати Амрико изҳори ташаккур карда,  хонум Фотимаро бовар кунонд, ки сафараш пурсамар ва хотирмон хоҳад буд.
Зимни мулоқот ташаббуси Ҳукумати Амрико оид ба роҳандозии Барномаи нави Роҳи Абрешим  мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъсиси бозори ягонаи энергетикӣ, мусоидат ба савдо ва роҳҳои рушди он, ба ҳам овардани соҳибкорон ва тоҷирон паҳлӯҳои асосии барномаро ташкил доданд.
Ҷонибҳо барои  беҳтар намудани фаъолият дар соҳаи гумрук таҷдиди назар намуданд.
Дар ин бора Ҳумайро Мирова, сухангӯи хадамоти мазкур иттилоъ дод.

Июнь 16, 2014 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад