Футболбозони ҷавон — дорандаи Ҷоми бонки «Эсхата»

Июнь 20, 2014 11:05

Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави  Қосим). – 19  июн  мусобиқоти  футбол байни  кӯдакони соли таваллудашон  2000 – 2001 барои  дарёфти  Ҷоми   бонки  «Эсхата» бо ғалабаи  дастаи  Академияи  бачагонаи «Истиқлол» —  и  шаҳри  Душанбе  анҷом  ёфт.
Қобили  зикр  аст, ки  имсол  бонки  «Эсхата»  20  — умин  солгарди  таъсисёбиашро  таҷлил  мекунад.  Роҳбарияти  бонк  ба  ифтихори  ин  сана тасмим  гирифт, ки  дар  шаҳрҳои  Душанбе,  Хуҷанд  ва  Қӯрғонтеппа  мусобиқоти   футболбозони  ҷавонро  ташкил  намояд. Дар  мусобиқоти  шаҳри  Хуҷанд,  ки  моҳҳои  апрел  ва  май  сурат  гирифт,  дастаи «Ли – Нинг» — и  шаҳри  Хуҷанд  пирӯз  шуда,  Ҷоми  бонки  «Эсхата» — ро  ба даст  овард. 
Мусобиқот  дар  шаҳри  Душанбе аввали  моҳи  июн  оғоз  ёфта ва 19  июн ба охир  расид. Дар  ин  ҷо 8  даста  барои  дарёфти Ҷоми бонки  «Эсхата» қувваозмоӣ  намуданд. 
Баъди  вохӯрии  хотимавӣ  маросими ботантанаи анҷоми  мусобиқот баргузор гардида,  ғолибони он  мукофот  гирифтанд. Қобили  зикр  аст, ки  вохӯриҳои асосии ин  мусобиқот имрӯз,  20  июн,  дар  варзишгоҳи «Пахтакор» — и  шаҳри  Қӯрғонтеппа  баргузор  мешаванд.

Июнь 20, 2014 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст