Героин маводи марговар аст

Июнь 16, 2014 16:08

Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Сокини шаҳри Душанбе Алиҷон Султонов, соли таваллудаш 1980 ба ҷинояти нангбор даст зада, 1 килову 300 грамм маводи сахттаъсири героинро дар даруни  ҷомадони сафариаш пинҳон намуда, мехост берун аз кишвар интиқол диҳад,вале зимни гузаштани назорати гумрукӣ аз тариқи фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд боздошт гардид.
Тавре ки сухангӯи Хадамоти гумрук Ҳумайро Мирова хабар дод,  нисбат ба Алиҷон Султонов мутобиқи моддаҳои 200 ва 289-и Кодекси ҷиноии ҶТ, яъне даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва интиқоли сарҳадии он парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.
 
 
 

Июнь 16, 2014 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш