Гуфтушуниди Шариф Саид бо муовини раиси ПСС Латвия

Июнь 11, 2014 15:25

Душанбе, 11.06.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). — 10 июн раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дар Маҷмааи давлатии «Душанбе — Плаза» бо ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Латвия Аигарс Ростовскис гуфтушунид кард. Муклоқоти роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати ҳар ду кишвар дар ҳошияи сафари расмии Президенти Латвия Андрис Берзинш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дӯстона баргузор гардид, масоили рушди ҳамкории судманди байни палатаҳо, густариши табодули тиҷоратии байни ҳар ду кишвар, ҳамчунин роҳандозии муколамаи судманди иттилоотии сохторҳои тиҷоратии Латвия ва Тоҷикистон дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Раиси ПСС ҶТ ба меҳмон дар бораи захираҳои ғании кишвар, мавҷудияти нерӯи бозаргонӣ, ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон, ҳамчунин самтҳои афзалиятноки ҷалби сармояҳо, перомуни имконоту имтиёзҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» нақл кард. «Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи маъдан, бахшҳои коркарди маҳсулот, соҳаи сайёҳӣ, сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, истеҳсоли маводи сохтмонӣ, маориф ва ғайра омода аст», — гуфт раиси ПСС ҶТ. Шариф Саид ба Аигарс Ростовскис пешниҳод намуд, ки масъалаи ташкили намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Латвия дар Душанбе ва анҷумани соҳибкорони Латвияю Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирад. Аигарс Ростовскис фикри раиси ПСС Тоҷикистонро дар бораи зарурати вусъат бахшидани ҳамкории байни палатаҳою соҳибкорони ҳар ду кишвар дастгирӣ намуд. Дар анҷоми мулоқот ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Латвия аз намоишгоҳи миллии маҳсулоти Тоҷикистон, ки бо ибтикори ПСС Тоҷикистон доир шудааст, боздид намуд.

Июнь 11, 2014 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад