Густариши муносиботи Тоҷикистону Белорусия дар самти кишоварзӣ

Июнь 12, 2014 16:41

Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Тибқи даъвати Ҷумҳурии Беларусия ҳайати мутахассисони вазорати кишоварзии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири кишоварзӣ З.Зеваршоев аз 3-юм то 8-уми июни соли ҷорӣ барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии агросаноатии «Белагро-2014» ба Белорусия сафар намуданд.  Дар ҷараёни вохӯрии ҳайати гурӯҳи корӣ бо намояндагони ҶСШК «Промагролизинг» қайд шуд, ки корхонаи мазкур омода аст, ба харидории техника ва таҷхизоти кишоварзӣ, таҷҳизоти коркарди меваю сабзавот, коркарди хӯроки чорво ва амсоли инҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд. Аз тарафи гурӯҳи корӣ номгӯи техника ва таҷхизоти лозима мувофиқи дархости хоҷагиҳо ба намояндагони ҶСШК «Промагролизинг» пешниҳод карда шуд. Ҳайати гурӯҳи корӣ дар кушодашавии Намоишгоҳи байналмилалии агросаноатии «Белагро-2014» иштирок намуда, баъди тамошои он ҳайати намоядагони корхонаи тракторсозии МТЗ ба гурӯҳи кории ҷумҳурии мо сехҳои истеҳсоли тракторҳо, васлкунӣ ва истеҳсоли қисмҳои эҳтиётиро нишон доданд. Зимни мулоқот бо намояндагони корхонаи мазкур пешниҳод карда шуд, ки дар доираи иҷрои Протоколи ҷаласаи 9-уми Коммисияи байниҳукуматӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро дар рушди истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, махсусан таъсиси корхонаи тракторбарорӣ дар Тоҷикистон боз ҳам пурзӯр менамоянд. Дар раванди вохуриҳо оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ва иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи 9-уми Коммисияи байниҳукуматии Беларусия-Тоҷикистон гуфтушунидҳои судманд доир шуд. Ҳамзамон, дар доираи ҳамкориҳо бо Иттиҳодияи «Белсемена» барои харидории 7 навъи тухмии картошкаи истеҳсоли Белорусия ба миқдори 3 ҳазор тонна дархост пешниҳод гардид.Зимни вохӯрӣ бо муовини вазири саноати Ҷумҳурии Белорусия А. Огородников ҳамкориҳои самарабахш баҳри буньёд намудани корхонаи муштараки тракторсозии МТЗ 82.1 дар минтқаи озоди иқтисоди ноҳияи Данғара, корхонаи муштарак дар ноҳияи Ҳисор оид ба истеҳсоли ядакҳои кишоварзӣ байни ҶСК «Агротехсервис» — ноҳияи Ҳисор ва заводи «Бобруйск»-и Ҷумҳурии Белорус ия матраҳ гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ оид ба харидории чорво ва таҷҳизоти чорводорӣ, гирифтани қарзҳои дарозмуддат бо фоизҳои паст бо роҳбарияти Бонки рушди Белорусия гуфтушунид доир шуд. Оид ба харидории чорвои зоти сиёҳалаи голштейнӣ ба микдори 1000 сар ба роҳбарияти Бонк бизнес-нақша пешниҳод гардид.

Июнь 12, 2014 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад