“Хатлон — зидди маводи нашъаовар”
Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз 1 то 26 июни соли 2014 дар вилояти Хатлон чорабиниҳои мухталифи зиддимухаддиротӣ гузаронида мешаванд, ки ба 26 июн — Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он бахшида шудаанд. Ин чорабиниҳо аз тарафи раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо намояндагони ҳокимияти иҷроияи маҳаллии ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилоят, инчунин бо иштироки созмонҳои ҷавонон ва ихтиёрӣ доир мегарданд.
Дар китобхонаҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилоят намоиши тасвираҳои ҷавонони вилояти Хатлон ташкил шуд, ки дар доираи озмуни ҳарсолаи “Хатлон — зидди маводи нашъаовар” омода шудаанд.
Дар ҳудуди вилоят мусобиқаҳои варзишии футбол, волейбол, тенниси рӯимизӣ зери шиори “Варзиш- зидди маводи нашъаовар” гузаронида мешаванд.
Чорабиниҳо бо мақсади ташаккули ҷаҳонбинии зиддимухаддиротии ҷавонон ва наврасон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш ташкил гардидаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






