Хизматрасонии нави «Интернет-бонк»
Душанбе,3.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар марҳилаи муосири рушд яке аз вазифаҳои асосие, ки дар назди бонкҳои Тоҷикистон меистад, ин баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирӣ мебошад. Ҷорӣ намудани навгонӣ дар соҳаи технологияҳои информатсионӣ ва беҳтар намудани бизнес- ҷараёнҳо яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилӣ ба ҳисоб меравад.
Тавре ки аз бонки «Эсхата» иттилоъ доданд, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи идораи амалиёти пулӣ, сарфаи вақт ва воситаҳои пулӣ дар бонки «Эсхата» хизматрасонии нави «Интернет-банкинг» барои шахсони воқеӣ ҷорӣ шуд.
Низоми «Интернет-бонк» имконияти идораи мустақилонаро бо суратҳисоби бонкӣ аз минтақаҳои гуногуни олам пешбинӣ менамояд.
Ҳамзамон низоми Интернет-Бонк амалиёти интиқолӣ, мубодилавӣ, пардохти хизматрасониҳо, маълумотдиҳиро иҷро мекунад.
Барои пайваст будан ба «Интернет-бонк» мизоҷон бояд соҳиби суратҳисоб дар бонки «Эсхата» бошанд.
Хоҳишмандон барои пайваст шудан ба ин хизматрасонӣ метавонанд ба бахшҳои бонки «Эсхата» муроҷиат намоянд. Пайвастшавӣ ройгон мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






