Иқдоми муштараки ФБҶ СС ҲА ва “EAST AIR»

Июнь 9, 2014 13:36

 Душанбе, 09.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-  Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) ва ширкати ҳавоии «East Air» иқдоми муштараки иҷтимоиро роҳандозӣ карда, ба мусофирони «EAST AIR»  баргаҳои иттилоотӣ дар мавзӯъи ҷилавгирӣ аз бемории сил ва табобати онро тақсим карданд. 
Баргаҳои иттилоотӣ дар курсиҳои нишасти ҳавопаймоҳои ширкати «East Air» дар парвозҳои аз самти Қӯғонтеппа ва Кӯлоб ба шаҳрҳои Русия ва бозгашт гузошта шудаанд. Ин иқдом дар доираи лоиҳаи ФБҶ СС ва ҲА сурат гирифт, ки ҳадафаш баалнд бардоштани сатҳи огаҳии муҳоҷирони корӣ аз қоидаҳои беҳдоштӣ ва тандурустӣ, ВИЧ/СПИД, амрози зуҳравӣ, гепатитҳои В ва С, пешгирӣ аз сил ва машваратҳои ҳуқуқист.
Баргаҳои иттилоотӣ-омӯзишӣ дар мавзӯи сил дар парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “East Air” аз Қӯрғонтеппаву Кӯлоб ба Маскав, Санкт-Петербург, Челябинск, Новосибирск, Екатеринбург, Оренбург ва бозгашт тақсим мешаванд. Лоиҳаи ФБҶ СС ва ҲА бо мусоидати созмони ҷамъиятии русиягии “СПИДинфосвяз” дар чаҳорчӯбаи барномаи русиягии «Мусоидат ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ” амалӣ мешавад.
Фаррух Қосимов, раҳбари барномаҳои кор бо муҳоҷирон дар Намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Дониши кам аз хадамоти тиббӣ, ба мисли огоҳӣ ва ҷилавгирӣ аз ВИЧ ва сил, амрози зуҳравӣ ва ироаи ёрии аввал ба осебпазирии муҳоҷирон меафзаояд. Бисёре аз муҳоҷирон, чун дар сохтмон кор мекунанд, чандин нафар дар хонаҳои хурди сохтмончиён ва дар ҳолати ногувори беҳдоштӣ ба сар мебаранд, ки онҳоро аз нигоҳи тиббӣ осебпазиртар мегардонад. Аз ин рӯ, дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа мо ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии муҳоҷирони корӣ аз масоили тандурустӣ ва беҳдоштӣ таваҷҷӯҳ мекунем».

Июнь 9, 2014 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст