И.Ҷалилов дар клуби «Волга» — и Русия ҳунарнамоӣ мекунад

Июнь 24, 2014 11:02

Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави  Қосим). – Муҳофизатгари  дастаи  мунтахаби  миллии  Тоҷикистон  оид ба  футбол  Искандар  Ҷалилов имконият  дорад, ки  маҳорати  худро дар  ҳайати  клуби  «Волга» — и  шаҳри  Нижный  Новгороди   Федератсияи  Русия  такмил  диҳад.
Тавре  ки  аз Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  хабар  доданд,  Искандар  Ҷалилов   мавсими  соли  ҷориро  дар   дастаи  «Хуҷанд»  оғоз  намуда,  дар  ҳайати  он  дар  шаш  даври бозиҳои  дастаҳои  лигаи  олии  мусобиқоти  Тоҷикистон  иштирок  кард. Мавсуф  дар  ҳайати дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон  бо дастаи  мунтахаби  Эстония, ки  7  июн  дар  шаҳри  Таллин  баргузор  гардид, иштирок  дошт. 
Имрӯзҳо  футболбози тоҷик дар ҳайати  клуби  «Волга» қувваозмоӣ  менамояд. Искандар  Ҷалилов  дар  ҳайати клуби  мазкур дар  ду  вохӯрӣ иштирок намуд, ки  онҳо  бо  ҳисоби 3:2 ва  8:0   ба фоидаи  клуби  «Волга»  анҷом  ёфтанд. 

Июнь 24, 2014 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд