Ифтитои Маркази педагогикаи миллӣ

Июнь 12, 2014 11:01

Душанбе, 12.06.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар факултаи педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Маркази педагогикаи миллӣ мавриди истифода қарор гирифт. Тавре котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар расми ифтитоҳи он ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов доир ба моҳият ва аҳамиятнокии маркази мазкур маърӯза кард. Ба иттилои ӯ, ин марказ, аслан барои муҳассилини риштаи таҳсилоти то мактабӣ ба нақша гирифта шуда, ҳамзамон кормандони кӯдакистонҳои мамлакат низ метавонанд дар ин макон такмили ихтисос намоянд.Тавре Абдуҷаббор Раҳмонов таъкид дошт, барои муаллимон имкон фароҳам шуд, ки дарсҳои амалии хешро ба таври воқеӣ дар ин марказ баргузор кунанд. Инчунин, меҳмонони бурунмарзӣ, аз қабили шаҳрвандони Русия, Олмон, Туркия, Фаронса, Туркманистон, Эрон ва ғайра, ки пайваста ба донишгоҳи мо ташриф меоранд, аз ин макон дидан намуда, доир ба таърихи куҳан, фарҳанги воло ва ашёи миллии мо тоҷикон тасаввуроти амиқ пайдо хоҳанд кард.Мавриди зикр аст, ки Маркази педагогикаи миллӣ бо кати калон барои нишаст, мизи дастурхонгустарӣ, гаҳвора, болишту кӯрпача, асбобҳои мусиқӣ, дастгоҳи махсус барои сабти садо, бозичаҳои зиёди гуногун, аз қабили лӯхтак, мошинча ва ғайра муҷаҳҳаз мебошад. Чаҳор тарафи девор бо сӯзаниҳою кашидадӯзиҳои дорои нақшҳои мухталифи зебо оро ёфтаанд. Ҳамчунин, мизу курсиҳои хос барои нишасти кӯдакон мавҷуданд, ки ба қавли ректор, истеҳсоли худӣ буда, дар Парки технологии донишгоҳ сохта шудаанд.А.Раҳмонов таъкид дошт, ки ҳар духтари тоҷик, ки оянда модар аст, бояд ҳатман тарзи дурусти муносибат бо кӯдакро донад. Ва дар ин марказ маҳз василаҳои саҳеҳи нигаҳбонӣ ва тарбияи кӯдак, аз ҷумла, дуруст дар гаҳвора бастан, суруди алла хондан ва ҳоказо омӯзонида хоҳад шуд. Ҳамзамон, шакли дурусти дастурхонороӣ, меҳмондорӣ ва одоби муошират таълим дода мешавад. Ректор ба роҳбари маркази мазкур Бибиҳафиза Маҷидова супориш дод, ки барои мукаммал гардидани марказ равобити ҳамкориро бо кулли кӯдакистонҳо тақвият бахшад ва инчунин, дастурҳои таълимию методӣ таълиф намояд.Дар қисмати дуюми ҳамоиши тантанавӣ донишҷӯёни факултаи педагогика роҳҳои мухталифи саҳнакунонидаи тарбияи кӯдакро ба маърази намоиш гузоштанд.

Июнь 12, 2014 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад