Имзои ёддошти тафоҳум байни ВКХ Тоҷикистон ва Туркия

Июнь 6, 2014 15:22

 
Душанбе, 06.06.2014. (АМИТ «Ховар»).- 5 июни соли 2014 дар Душанбе Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия дар бораи бозомӯзии дипломатӣ ва мубодилаи маълумот ва аснод ба имзо расид.
Зери санади мазкур вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва раиси Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Масут Озҷан имзо гузоштанд.
Дар мулоқоте, ки пеш аз маросими имзо баргузор гардид, масъалаҳои ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар заминаи бозомӯзии дипломатӣ баррасӣ шуда, роҷеъ ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия мубодилаи афкор сурат гирифт.
 
 
 

Июнь 6, 2014 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш