Иншооти ҷашнии пойтахт ба ифтихори Ваҳдати миллӣ

Июнь 23, 2014 12:13

    Душанбе, 23.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии Душанбе дар пойтахт ба маблағи беш аз 300 миллион сомонӣ иншооти ҷашнӣ  бунёд карда шуданд. Ин иншот аз ҳисоби буҷети шаҳр ва субъектҳои соҳибкорӣ сохта шуда, дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.  1 ададӣ биноҳои истиқоматии баландошёнаи  13 ва 14- ошёна,  7 адад 9 -ошёна, 2 адад 7- ошёна, 1 адад 6- ошёна ва 7 адад 5- ошёна бо масоҳати  умумии 71,3 ҳазор метри мураббаъ аз зумраи иншооти ҷашнист. Инчунин 4 майдончаи варзишӣ  бо масоҳати 3 ҳазор  метри мураббаъ бунёд гардида, 23,8 километр хатҳои муҳандисии зеризаминию ҳавоии роҳҳои пойтахт аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷараёни сохтмон ва азхудкунии фондҳои асосӣ дар пойтахт беш аз 1700 нафар бо ҷойи кории муваққатӣ таъмин гардиданд. Ҳамзамон дар мавриди ба истифода додани иншооти ҷашнӣ беш аз 900 ҷойи нави кори доимӣ дар пойтахт фароҳам оварда мешавад.
Ба феҳристи иншооти ҷашнии пойтахт ҳамзамон кӯдакистон барои 130 нафар, ки ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии “Стройэлита” дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бунёд шудааст, инчунин Театри “Аҳорун” бо 200 ҷойи нишаст,  шомил мебошанд. Ин ду иншоот 21 июн дар маросими ботантана ва иштироки Президенти  ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуданд.
 

Июнь 23, 2014 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад