Исфара: варзишгоҳ барои 16 ҳазор нафар
Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дар ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара ба тариқи ҳашар варзишгоҳ бо 4 ҳазор ҷои нишаст бунёд мешавад, ки арзиши лоиҳавии он 1,5 миллион сомониро ташкил мекунад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, то ин дам дар ҷамоат варзишгоҳе, ки дар он чорабиниҳои оммавӣ бо теъдоди зиёди одамон гузаронида шаванд, вуҷуд надошт.
Бояд гуфт, ки бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара барои сохтмони варзишгоҳ 2, 32 га замин ҷудо шудааст ва дар айни ҳол корҳои созандагӣ идома доранд.
Гуфта мешавад, ки ҷамоати деҳоти Чилгазӣ аз 18 маҳалла иборат буда, дар он наздик ба 16 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






