Иштироки ҳунармандони тоҷик дар фестивали Кувейт
Душанбе, 17.06.2014 (АМИТ «Ховар»).- Аз 17 то 22 июни соли равон дар кишвари Кувейт 17-умин фестивали байналмилалии мусиқӣ баргузор мегардад, ки дар он ҳунармандони тоҷик -ансамбли рақсии «Зебо», ансамбли созҳои миллии Филармонияи давлатии ба номи А.Ҷӯраев бо роҳбарии Шариф Бедаков ҳунарнамоӣ менамоянд.
Барномаи консертии ҳунармандони тоҷик аз суруду рақс ва оҳангҳои халқии тоҷикӣ иборат аст. Ҳамзамон дар ифтитоҳи барномаи консертӣ намоиши суратҳои Шуҳратҷон Ёров таҳти унвони «Тоҷикистони озоди ман» , аксҳо аз ёдгориҳои таърихӣ, манзараҳои дилошӯби кишвар, урфу одат ва ҳунарҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Қобили зикр аст, ки иштироки ҳунармандони тоҷик бо ибтикори сафорати Чумҳурии Тоҷикистон дар Кувейт роҳандозӣ гардид. Зимни суҳбат Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Кувейт Зубайдулло Зубайдов иброз намуд, ки муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Кувейт рўз то рўз густариш ёфта, баҳри таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ду кишвар заминаҳои боэътимод мегузоранд.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






