Иштироки футболбозони ҷавони ҶТ барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон
Душанбе, 09.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). — Қуръапартоии мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон байни дастаҳои мунтахаби навраси синнашон то 17 баргузор гардид. Дар ин мусобиқот дастаи Тоҷикистон низ иштирок менамояд.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқа аз 25 то 29 июн дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона баргузор мегардад. Аз рӯи натиҷаи қуръапартоӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» мавқеъ гирифта, бо дастаҳои Испаниё, Эрон ва Озарбойҷон вомехӯрад.
Қобили зикр аст, ки чанде пеш дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Хазар — 2014 бо ҳамсолони худ аз Озарбойҷон барои касб намудани мақоми сеюм бо ҳисоби 0:4 мағлуб шуда буд.
Дар гурӯҳи «А» барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон наврасони Гурҷистон, Қирғизистон, Чин ва Қазоқистон қувваозмоӣ менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






