Иштироки М. Убайдуллоев дар ҷаласаи Сенати Фаронса

Июнь 12, 2014 16:23

Душанбе, 12.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Фаронса дар вохӯрии Маҳмадсаид Убайдуллоев- раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Фаронса бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбарии сенатор Андре Дюле ва роҳбари гуруҳи дӯстии Фаронса — Тоҷикистон Ив Поззо ди Борго 11 июн дар Париж баррасӣ шуд. Дар мулоқот мусоҳибон доир ба густариши ҳамкориҳо байни гуруҳҳои дӯстӣ ва тақвияти робитаҳо дар бахшҳои иқтисодиёт, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва туризм табодули назар намуданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев ба саволҳои сенаторони Фаронса оид ба вазъи минтақа, робита ва ҳамкории кишвари мо бо давлатҳои хориҷи дуру наздик, имкониятҳо барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва шароиту имтиёзҳое, ки барои сармоягузорон ва доираи васеи соҳибкорон дар Тоҷикистон фароҳам оварда шудааст, посухҳои мукаммал дод.Ҳамзамон нимаи дуюми 11 июн Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Сенати Фаронса ба ҳайси меҳмони олиқадр ширкат варзид. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Сенати Фаронса Жан-Пер Бел ба сенаторони фаронсавӣ муарифӣ намуд.

Июнь 12, 2014 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст