Иштироки соҳибкорони тоҷик дар намоишгоҳи агросаноатии Беларус

Июнь 4, 2014 14:25

Душанбе, 04.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз 3 то 8 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус   Ҳафтаи намоишгоҳи агросаноатии Беларус доир мешавад. Дар он аъзои Палатаи савдо ва саноати кишвар бо ҳайати соҳибкорони Тоҷикистон ширкат доранд. 
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш роҳбарону масъулони ширкатҳои бузурги Беларус «МАЗ», «Гомселмаш», «Заводи мошинсозии Мозирск», «Фабрикаи кулоҳҳои «Людмила», «Фабрикаи мебели Ружанск», «Ксант», ки барои роҳандозии робитаҳои тозаи корӣ ба Тоҷикистон омада буданд, дар корхонаҳои азими кишвар «Ёқут — 2000», корхонаҳои семент ва маҳсулоти ширии шаҳри Ёвон, «Мадади Турсунзода», Идораи обу корези шаҳри Душанбе, «Аввалин», «Аркон», «Сохтмон — 3» вохӯриҳо доир намуда, як силсила паймонҳои корӣ бастанд. 
 

Июнь 4, 2014 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад