Иштироки Тоҷикистон дар ҳафтаи агросаноатии Белоруссия
Душанбе, 03.06.2014 (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим).- Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршо Зеваршоев барои иштирок дар ҳафтаи агросаноатии Белоруссия, ки аз 3 то 8 июн баргузор мегардад, ба Белоруссия сафар намуд.
Тавре аз Сафорати Белоруссия дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар нақша аст, ки ҳайат ба намоишгоҳи махсуси байналмилалии «Белагро-2014» ташриф оварда, бо фаъолияти корхонаҳои асосии Белоруссия оид ба истеҳсоли техникаи хоҷагии қишлоқ — ҶСШК «Заводи трактори Минск», ИИ «Гомсельмаш», ҶСШК «Бобруйскагромаш», ҶСШК «Заводи деталҳои трактор ва агрегатҳои Бобруй» шинос мегарданд. Ғайр аз ин, ҳайат ба ташкилоти кишоварзии ноҳияи Несвирж ташриф меорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






