Истифодаи ғайриқонунии замин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашад

Июнь 5, 2014 10:13

Душанбе, 5.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Тавре ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони милитсия директори Корхонаи воҳиди давлатии №10 дар шаҳри Ваҳдат, Раҳмоналӣ Боев, соли таваллудаш 1949, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе бо гумони хариду фурӯши ғайриқонунии замин дастгир шуд. Сарчашма хабар медиҳад, ки номбурда моҳи майи соли ҷорӣ ғайриқонунӣ аз ҳудуди корхонаи мазкур барои сохтмони манзили истиқоматӣ ба шаҳрвандон, Маҳмудов Шералӣ, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Ёвон ва Ширинзода Ғайратшо, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Ваҳдат ба маблағи 4000 доллари амрикоӣ 1,5 сотихӣ заминро бе ягон ҳуҷҷат тақсим намудааст. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад

Июнь 5, 2014 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад