Истироҳати мактаббачагон дар «Гулхан»
Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Бо анҷоми соли хониш мактаббачаҳои шаҳри Душанбе дар лагерҳои беруназшаҳрии «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», ки дар тавозуни раёсати маорифи шаҳрдорианд, бо истироҳати хуши тобистона фаро гирифта шуданд. Беш аз 200 нафар мактабиён ва 20 дастпарвари мактаб — интернати № 1-и ноҳияи Синои пойтахт дар лагери тобистонаи «Гулхан» истироҳат мекунанд. Барои фароғати хуши онҳо дар ин ҷо шароитҳо муҳайёанд, ҳавзҳои шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои фароғатӣ хуб таъмиру навсозӣ шудаанд. Мураббиён барои истироҳаткунандагон бозиҳои варзишӣ, викторина, сайру саёҳат ва барномаҳои дигари шавқовар омода намудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






