Ивази 1,2 км қубури об дар Гули Сурх
Душанбе, 25.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Ба ифтихори 17-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо ташаббуси аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 1,2 км қубури оби нӯшокие, ки солҳои 70-уми асри гузашта хобонда шуда буд, дар деҳаи Маҳаллаи Ясии ҷамоати деҳоти Гули Сурх бо маблағи 80 ҳазор сомонӣ пурра иваз шуд. Ба иттилои мавсуф, ҳамчунин мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №13 бо кумаки аҳли маҳалла аз таъмири хушсифат бароварда шуда, 4 синфхона бо иқдоми соҳибкор Ҳомид Мӯъминов ба маблағи 240 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.Ҳомид Мӯъминов мегӯяд, ки барномаи вилоятии «Соли 2014 — соли роҳҳои обод» — ро сармашқи кори худ намуда, онҳо 4 км роҳҳои дохилиро низ аз таъмири хушсифат мебароранд. Бо ин мақсад аллакай зиёда аз 2500 тонна шағал ва 70 тонна битум омода шудааст.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






