Кӯлоб: омӯзиши таҷрибаи пешқадам

Июнь 19, 2014 09:10

Кӯлоб, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймони Хол).-Бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар кишоварзони ноҳияи Кӯлоб аз ҳамаи роҳу усулҳои муосир истифода намуда, кӯшиш доранд, ки ҳарчи бештар маҳсулоти хушсифати маҳаллӣ истеҳсол намоянд. Деҳқонони ноҳия дар заминҳои корами обӣ кишти сабзавоти барвақтиро васеъ намуда, бо ҷалби мутахассисони соҳа тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои органикию захрхои зидди ҳашаротро истифода менамоянд. Дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб соли ҷорӣ дар майдони 209 гектар сабзавот кишт шуд ва ҳокимияти маҳаллӣ деҳқонони дигар ҷамоатҳоро баҳри таҷрибаи бештар аз худ намудан ба ин ҷамоат даъват карда, семинари омӯзишӣ гузаронид. Мутахассисон ва деҳқонони варзида гузаронидани қоидаҳои агротехникӣ, истифодаи усули биологии мубориза бар зидди ҳашароти зараррасонро ба кишоварзон омӯзониданд. 
Имсол кишоварзони ноҳия дар 907 гектар кишти сабзавот гузарониданд, ки нисбат ба соли гузашта 119 гектар зиёд мебошад.

Июнь 19, 2014 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад