Кӯмаки IFC барои беҳдошти қонун дар бораи тафтиши корхонаҳо
Душанбе, 10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). – Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) — узви гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳияи қонуни нав ҷиҳати беҳдошти раванди тафтиши корхонаҳо кӯмак мекунад. Ин имкон медиҳад, ки шумораи маъмурони корхонаҳо ва хароҷоти онҳо хеле кам карда шавад. Дар ин бора аз дафтари IFC дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Корпоратсияи байналмилии молиявӣ зимни ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба лоиҳаи қонуни нав мизи мудаввар доир менамояд. Ислоҳоти қонуни мазкур дар бораи тафтишот, ки онро гурӯҳи кории ҳукумат бо назардошти машваратҳо бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ таҳия намудааст, қонуни зикршударо мукаммал месозад. Ин имкон медиҳад, ки корхонаҳо дар панҷ сол на зиёдтар аз як маротиба тафтиш карда шаванд.
Ин ибтикорот ҷузъи саъю кӯшишҳои Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ҷиҳати беҳдошти вазъи сармоягузорӣ бо василаи расонидани таъсир ба сармояҳо ва коҳиш додани хароҷот бо риояи талаботи соҳибкорӣ маҳсуб меёбад.
Барномаи Осиёи Марказӣ ҷиҳати беҳдошти вазъи сармоягузорӣ ба туфайли дастгирии молиявии ҳукумати Швейтсария ва Раёсати Шоҳигарии Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ имконпазир гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






